Май 16
08:55
2020
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо вазъи беморхонаҳо ва марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳои кишвар гаштҳои рӯзона ва шабонаро ба роҳ мондааст.
Бо ин мақсад 15 майи соли равон муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед аз Маркази саломатии №10 ва як қатор муассисаҳои тандурустии пойтахт ва Мирҳамуддин Камолзода аз Беморхонаи марказӣ ва КАТС-и ноҳияи Рӯдакӣ дидан намуданд.
Ҳадаф аз боздиди муовинони вазир аз муассисаҳои тандурустии мазкур шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти онҳо ва ҳамзамон ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда андешидани чораҳои зарурӣ ба шумор меравад.