Боздид аз Муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакони №1”- шаҳри Душанбе

Боздид аз Муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакони №1”- шаҳри Душанбе
Май 25
17:05 2020

Имрӯз, 25 май Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакони №1”-и шаҳри Душанбе дидан намуд.

Ҳадафи боздид аз муассисаи мазкур  шиносоӣ бо вазъи феълии будубоши кӯдакон  дар ин муассиса маънидод мегардад.

Хотиррасон менамоем, ки дар Муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакони №1”-и шаҳри Душанбе атфоли ятиму бепарастор ва муваққатан ҷойдодашуда нигоҳдорӣ мешавад. Муассисаи болозикр имкони парастории доимии 100 нафар кӯдакро доро буда, айни замон дар он 37 нафар кӯдакон ба будубоши доимӣ ва муваққатӣ қарор дода шудаанд.

Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни боздид аз шароити феълии муассиса ба кормандону роҳбарияти ин боргоҳ ҷиҳати риоя намудани қоидаҳои гигенӣ ва таъмини шароити арзанда баҳри атфони дар он қарор дошта супоришҳои мушаххас дод.

Зимни боздид ҳамзамон аз нуқтаи нигоҳдории лавозимоти тиббӣ ва маводҳои дорӯвории муассисаи мазкур боздид ба амал оварда шуд, ки дар он миқдори муайяни маводҳои муҳофизатӣ аз бемориҳои сироятӣ аз қабили маризии каронавируси нави КОВИД-19 захира карда шудааст.

Кормандони муассиса дар суҳбат иброз намуданд, ки шароити буду боши кӯдакон хуб ба роҳ монда шуда, пурра бо маводҳои хӯроквориву маишӣ ва лавозимоти зарурурии тиббиву доруворӣ, аз қабили бахил, дастпӯшак, ниқоб, либосҳои махсус барои бемориҳои ниҳоят хатарнок, антисептикҳо, айнакҳои муҳофизатӣ, респиратор ва ғайра таъмин карда шудаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 614
  • 1,242
  • 949,634