Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти боз ҳам вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ, инчунин шиносоӣ бо раванди зимистонгузаронӣ муовини Раиси шаҳри Истаравшан, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Муъминзода аз беморхонаи марказии шаҳри мазкур дидан намуд.
Бо назардошти рӯзҳои охир сард гардидани ҳаво, Фирӯза Муъминзода бо рафти таъмини иншооти соҳаи тандурустӣ бо гармӣ ва раванди зимистонгузаронӣ аз шӯъбаи таваллудхона, шӯъбаи ҷарроҳӣ, шӯъбаи қабул, шӯъбаи бачагона, шӯъбаи эндикринологӣ боздид кард. Зимни ташриф номбурда бо раванди корҳои ободонию созандагӣ, сохта ба истифода додани иншооти замонавӣ ва бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани соҳаи тандурустӣ шинос гардид.
Аз ҷониби сартабиби беморхона Далер Аббосзода иттилоъ дода шуд, ки барои саривақт фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон тибқи нақшаи чорабиниҳо дар соҳаи тандурустии шаҳр миқдори зарурии ангишту ҳезум захира гардидааст ва айни замон тамоми муассисаҳои тиббӣ бо гармӣ таъмин буда, беморон бо изҳори қаноатмандӣ аз шароити муҳайёгардида табобат гирифта истодаанд.
Муовини Раиси шаҳр аз ҳуҷраҳои табобатии беморхона боздид карда, бевосита ба ҳолати таъмини гармӣ шинос шуд ва бо беморон суҳбат карда, ба онҳо саломативу тандурустӣ орзу кард.