Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №1-и шаҳри Душанбе ва Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ

Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №1-и шаҳри Душанбе ва Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ
Декабр 03
13:06 2021

Бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар давраи зимистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №1”-и шаҳри Душанбе” ва Муассисаи давлатии “Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ” боздид ба амал овард.

Аснои мулоқот бо роҳбарият, кормандон ва бошандагони муассисаҳои макзур Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки имрӯзҳо соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар меҳвари сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, баҳри рушду пешрафти соҳа пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.

Инчунин, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода ба ноҳияи Рӯдакӣ сафар намуда, аз фаъолияти Беморхонаи марказии ноҳия, захираи маводи сӯзишворӣ, хӯрока ва дорувории беморхона дидан кард.

Тавре аён гардид, дар беморхонаи мазкур бо хати оби гарм таъмин буда, дар анборҳои муассиса маводи хӯрока, сӯзишворӣ ва маводи доруворӣ ба таври  зарурӣ захира карда шуда, дар ин самт пайваста тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки ҳадаф аз ташрифи роҳбарияти вазорат ба муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои   аҳолӣ-ин пеш аз ҳама шиносоии бевосита пайдо намудан бо фаъолияти онҳо, суҳбати озоду ошкоро бо беморон ва бошандагони муассисаҳои соҳа, таҳлил ва баррасии фаъолияти онҳо ба шумор меравад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 712
  • 1,242
  • 949,732