Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба шаҳру навоҳии мамлакат сафар намуда, бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ аз наздик дидан менамояд.
Дар доираи чунин иқдом имрӯз, 6 августи соли равон муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода аз Беморхонаи марказӣ, Маркази саломатии шаҳри Ваҳдат ва муовини вазир Абдухолиқ Амирзода аз рафти фаъолияти беморхона ва марказҳои саломатии шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор ва Маркази саломатии Чорякорони ноҳияи Рӯдакӣ дидан ба амал оварданд.
Аснои боздид роҳбарияти вазорат бо рафти хизматрасонии муассисаҳои болозикр шинос шуда, ҳамзамон бо як қатор беморон ва наздикони онҳо суҳбати озоду ошкоро анҷом доданд.
Инчунин, номбурдагон аз рафти корҳои таъмирии шуъбаҳои муассисаҳои мазкур низ дидан намуда, баҳри сифатан анҷом додани корҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Махсусан зимни суҳбат бо шаҳрвандон масъулини вазорат доир ба тадбирандешиҳои Ҳукумати мамлакат дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ибрози андеша намуда, таъкид доштанд, ки чун дигар манотиқи кишвар соҳаи тандурустӣ дар шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ низ рушду пешрафт намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини муассисаҳои тандурустӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.