Боздиди муовинони вазир аз рафти фаъолияти муассисаҳои тиббии шаҳри Норак, ноҳияҳои Варзоб ва Шаҳринав

Боздиди муовинони вазир аз рафти фаъолияти муассисаҳои тиббии шаҳри Норак, ноҳияҳои Варзоб ва Шаҳринав
Май 14
07:22 2020

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешгирӣ ва табобати бемории коронавирус чораҳои мухталифро роҳандозӣ намудааст. Аз ҷумла ситоде, ки дар назди вазорат таъсис дода шудааст, ҳамарӯза вазъи бистарикунонии беморон, таъминоти духтурон бо либосҳои ҳифозатӣ ва беморон бо доруворӣ, ба танзим даровардани нархи доруворӣ, ҷараёни муолиҷаи беморон, махсусан беморони вазнин ва дигар масъалаҳои мубрамро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода шахсан худ ба беморхонаҳо ва марказҳои саломатӣ ташриф оварда, ҷараёни корҳоро мушоҳида ва назорат намуда, баҳри бартараф кардани камбудиҳо чораҳои мушаххас андешида истодааст. Аз ҷумла номбурда санаи 9 майи соли равон   ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла минтақаи Кӯлоб ва шаби 11 майи соли равон ба ноҳияи Ёвон сафар намуда, аз беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои тандурустӣ  ноҳияи мазкур дидан намуд.

Шаби 13 майи соли равон бо супориши бевоситаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода  муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саида Умарзода ба ноҳияи Варзоб, Мирҳамуддин Камолзода ба ноҳияи Шаҳринав,  ва Шодихон Ҷамшед ба  шаҳри Норак сафар намуда, бо  вазъи марказҳои саломатӣ ва бемористонҳо аз наздик нишос шуданд.

Муовинони вазир бо  фаъолияти беморхонаҳо ва марказҳои саломатӣ  шинос шуда, масъалаҳои  гузаронидани ташхисҳо, ба мардум  фаҳмонидани роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, таъмини беморхонаҳо бо маводҳои доруворӣ ва зиддивурусӣ ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳадаф аз сафарҳои масъулони вазорат аз наздик ошно шудан бо фаъолияти табибон ва ҷараёни табобати беморони гирифтори сирояти коронавирус дар муассисаҳои тандурустӣ, саривақт фаро гирифтани онҳо ба табобати хонагӣ, таъмини беморон бо доруворӣ ва бемористонҳо бо таҷҳизоти тиббӣ, таъмини табибон бо либосҳои муҳофизатӣ, ошкор намудани камбудиҳои муассисаҳо, мушкилоти табибон ва саривақт ба онҳо расидагӣ кардан мебошанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 672
  • 1,242
  • 949,692