Рӯзҳои 1-2 августи соли ҷорӣ Насим Олимзода Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистон бо ҳайати коршиносони маҳаллӣ ва роҳбарияти Раёсати тандурустии вилояти Суғд бо мақсади омӯхтан ва таҳлили вазъи муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Шаҳристон, Айнӣ сафари корӣ анҷом доданд.
Зимни сафар Насим Олимзода бо роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои зикргардида вохӯрӣ ва мулоқотҳои корӣ анҷом дод. Ҳайати мазкур аз марказҳои саломатӣ, беморхонаҳои марказӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии минтақа ва муассисаҳои хусусии тиббӣ дидан намуда, вазъ ва ҳолати инфрасохтор, вазъи санитарию эпидемиологӣ, заминаи моддию техникӣ, таъминот бо мутахассисони тиббӣ, маводҳои доруворӣ, ҳолати коргузорӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, назорати диспансерии беморон ва дар маҷмӯъ нишондиҳандаҳои солимии аҳолиро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд. Инчунин дар мӯҳлатҳои пешбинишуда ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушахассас дода шуд.