Гаштҳои шабона ва рӯзонаи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоии бевосита бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дорад.
Шаби 17 майи соли равон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сафар намуда, бо фаъолияти Беморхонаи марказӣ ва дигар муассисаҳои тандурустии ноҳияи мазкур бевосита шинос шуд.
Дар Беморхонаи марказии ноҳияи мазкур муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед бо табибон вохӯрӣ анҷом дода, дар рафти он масъалаҳои пурзӯр намудани корҳои омодагӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавируси нави КОВИД-19, таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ бо маводҳои тиббӣ ва зиддивирусӣ, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ бо мақсади пешгирии вируси мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳадаф аз сафарҳои масъулони вазорат аз наздик ошно шудан бо фаъолияти табибон ва ҷараёни табобати беморони гирифтори сирояти коронавирус дар муассисаҳои тандурустӣ, саривақт фаро гирифтани онҳо ба табобати хонагӣ, таъмини беморон бо доруворӣ ва бемористонҳо бо таҷҳизоти тиббӣ, таъмини табибон бо либосҳои муҳофизатӣ, ошкор намудани камбудиҳои муассисаҳо, мушкилоти табибон ва саривақт ба онҳо расидагӣ кардан мебошанд.