Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо мақсади назорати хизматрасонии тиббӣ ба гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19, шиносоӣ бо вазъи муассисаҳои тандурустие, ки дар онҳо гирифторони бемории мазкур ба ташхису табобат фаро гирифта шудаанд, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштҳои пайвастаро ба роҳ мондааст.
Бо ин мақсад муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ба вилояти Суғд сафар намуда, бо фаъолияти як қатор муассисаҳои тандурустӣ бевосита дидан намуд.
Дар доираи сафари кории хеш имрӯз, 14 август номбурда аз Беморхонаи клиникии №7-и шаҳри Хуҷанд, ки дар он ҷо гирифторони бемории коронавирус бистарӣ мебошанд, боздид ба амал оварда, бо рафти табобати беморон шинос шуд.
Тавре масъулин иттилоъ доданд, гирифторони сирояти коронавирус ба таври шабонарӯзӣ таҳти назорати табибон қарор доранд ва дар навбати худ табибон баҳри наҷоти ҷони онҳо тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона хоҳанд сохт.
Гуфта шуд, ки дар муассисаҳои тандурустие, ки дар ҳудуди вилоят табибон ба табобати гирифторони бемории коронавируси нави COVID-19 машғуланд, шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шуда, табибон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият намуда истодаанд.
Махсусан, дар чунин муассисаҳо дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ ва дигар мавод ва таҷҳизоти тиббӣ дастрас мебошанд.
Зимни боздид муовини тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо пайвандони беморон, ки берун аз беморхонаҳо қарор доштанд, суҳбати озоду ошкоро анҷом дода, иброз дошт, ки Ҳукумати мамлакат баҳри табобати гирифторони ин беморӣ тамоми тадбирҳои заруриро хоҳад андешид.
Маврид ба зикр аст, ки ҳадаф аз боздиди роҳбарият ва масъулини вазорат аз муассисаҳои тандурустие, ки дар онҳо гирифторони сирояти коронавирус бистарӣ шудаанд-ин пеш аз ҳама назорати хизматрасонии тиббӣ ба беморони коронавирус, шиносоии бевосита пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва рафти табобати гирифторони бемории мазкур мебошад.