Шодихон Ҷамшед аз муассисаҳои тандурустии минтақаи Рашт дидан намуд

Шодихон Ҷамшед аз муассисаҳои тандурустии минтақаи Рашт дидан намуд
Апрел 04
13:55 2022

Ҷиҳати шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии минтақаи Рашт, аз ҷумла рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, суҳбати озоду ошкоро бо беморон ва наздикони онҳо, рафти корҳои сохтмонӣ ва ободониву созандагии муассисаҳои соҳавӣ, таъмини муассисаҳои тандурустии минтақаи мазкур бо мутахассисон, ҳолати кории таҷҳизотҳои муосире, ки аз ҷониби вазорат ба муассисаҳои мазкур дастрас карда шудаанд, таҳлили вазъи соҳа дар минтақа, вохурӣ бо роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои минтақа ва дар ин замина бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта аз 1 то 3 апрели соли равон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ба минтақаи Рашт сафари корӣ анҷом дод.

Нахуст Шодихон Ҷамшед аз Беморхонаи марказӣ, Маркази саломатӣ ва Таваллудхонаи ноҳияи Нуробод дидан намуда, бо фаъолияти шӯъбаҳо, ҳолати таҷҳизотҳои тиббии муассисаҳои мазкур шинос шуда, инчунин бо роҳбарият ва кормандони онҳо суҳбати озоду ошкоро анҷом дод.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар муассисаҳои мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҷҳизотҳои муосири тиббӣ дастрас карда шуда, мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки дар ин замина сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ боз ҳам беҳтар шуда истодааст.

Дар ҷараёни сафари кории хеш ҳамзамон Шодихон Ҷамшед ба ноҳияҳои Тоҷикобод, Лахш ва Рашт низ ташриф оварда, бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои мазкур, аз ҷумла рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ  ва рафти табобати як қатор беморон шинос шуд.

Аснои суҳбати озоду ошкоро бо шаҳрвандон  иброз гардид, ки ҳифзи саломатии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Дар ҷараёни сафари кории хеш ҳамзамон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо раисони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод ва Лахш вохурӣ намуда, бо онҳо масъалаҳои таъмиру тармим ва азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ, дастгирии мутахассисони соҳа ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор дод.

Маврид ба тазаккур аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии давлатӣ соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ дар минтақаи Рашт рушду пешрафт намуд.

Махсусан дар ин давра дар ноҳияҳои минтақаи мазкур даҳҳо муассисаҳои тандурустии хуштарҳу замонавӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд, ки дар натиҷа сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ боз ҳам беҳтар карда шуд.

Айни замон низ дар минтақаи мазкур сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бомаром идома доранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 346
  • 1,242
  • 949,366