Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо мақсади табодули таҷриба ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 як гурӯҳ табибони Полша дар вилоят Суғд қарор доранд.
Дар ҷараёни боздиди хеш аз як қатор муассисаҳои тандурустии вилоят ҳамзамон табибони Полша аз Беморхонаи марказии шаҳри Исфара дидан намуда, бо кормандони он вохурӣ анҷом доданд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки инчунин мутахассисони соҳаи тибби кишвари Полша дар Беморхонаи касалиҳои сирояткунандаи шаҳри Хуҷанд бо мутахассисони беморхонаи мазкур тренинг оид ба муайян намудани бемории COVID-19 бо истифода аз УЗИ доир намуданд.
Ҳамзамон, онҳо дар Беморхонаи клиникии вилояти Суғд низ бо табибони беморхонаи мазкур вохурӣ намуда, доир ба роҳҳои пешгирии ин беморӣ табодули таҷриба намуданд.