Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд гурӯҳи табибони Полша имрӯз, 24 июни соли равон аз Беморхонаи сироятии шаҳри Панҷакент боздид ба амал оварданд.
Аснои шиносоӣ меҳмонон бо табибони беморхонаи мазкур роҳҳои пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19-ро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба паҳлуҳои гуногуни ин беморӣ мубодилаи афкор намуданд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки шоми 6 июн гурӯҳи калони табибони Полша бо ҳамроҳии се нафар коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, то имрӯз аз якчанд муассисаҳои тандурустии мамлакат дидан намуда, бо рафти фаъолияти онҳо шинос шуданд. Бояд гуфт, ки дар доираи сафари худ онҳо аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон дидан карда, тайи як моҳ дар беморхонаву муассисаҳои табобатии мамлакат бо табибони тоҷик табодули таҷриба менамоянд.
Инчунин, 14 июни соли равон гурӯҳи дуюми табибони Полша ва коршиносони Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ иборат аз 9 нафар низ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.
Ҳадаф ва мақсади ташрифи онҳо ба Тоҷикистон табодули таҷриба бо табибони тоҷик ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории сироятии COVID-19 мебошад.
Ёдовар бояд шуд, ки бо мақсади табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар самти пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 қаблан табибони варзидаи кишварҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой низ ба Тоҷикистон омада буданд.