Бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан бо ҷараёни хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла рафти табобати беморон 15 сентябри соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ” ташриф овард.
Аснои боздид Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар муассисаи мазкур бо вазъи саломатии як қатор беморон шинос шуда, барои боз ҳам хуб ба роҳ мондани табобати онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Инчунин номбурда дар муассисаи мазкур аз рафти табобати бемороне, ки дар ҳуҷраи эҳёгарӣ бистарӣ шудаанд, дидан намуда, аз шӯъбаҳои эҳё ва ҷарроҳӣ низ боздид ба амал овард.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода зимни суҳбат бо роҳбарият ва кормандони маркази номбурда ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.