Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи воқеии муассисаҳои тандурустӣ гаштҳои рӯзонаро ба роҳ мондааст.
Бо ин мақсад имрӯз, 29 майи соли равон Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба шаҳри Ҳисор сафар намуда, бо фаъолияти Беморхонаи марказӣ, Маркази саломатӣ ва Беморхонаи сироятии шаҳри мазкур шинос шуд.
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аснои шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои мазкур масъалаҳои ба мардум фаҳмонидани роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, таъмини онҳо бо маводҳои доруворӣ ва зиддивурусӣ ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор дод.
Маврид ба зикр аст, ки ҳадаф аз сафарҳои масъулони вазорат аз наздик ошно шудан бо фаъолияти табибон ва ҷараёни табобати беморони гирифтори сирояти коронавирус дар муассисаҳои тандурустӣ, саривақт фаро гирифтани онҳо ба табобати хонагӣ, таъмини беморон бо доруворӣ ва бемористонҳо бо таҷҳизоти тиббӣ, таъмини табибон бо либосҳои муҳофизатӣ, ошкор намудани камбудиҳои муассисаҳо, мушкилоти табибон ва саривақт ба онҳо расидагӣ кардан мебошанд.