Март 10
14:04
2022
Бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан бо ҷараёни хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла рафти табобати беморон имрӯз, 10 марти соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва раиси ноҳияи Файзобод Холзода Бобишо Нарзулло аз хизматрасонии беморхонаи марказии ноҳия ва шӯъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи минтақавии Мискинободи ноҳияи Файзобод боздид намуданд.
Аснои боздид Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат аз рафти табобати як қатор беморон ва хизматрасонии тиббӣ шинос шуда, барои боз ҳам хуб ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ёдовар мешавем, ки шӯъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи минтақавии Мискинободи ноҳияи Файзобод аз 50-кат иборат буда, 27 сентиябри соли 2021 бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.