Боздиди вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз фаъолияти беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Бохтар ва Леваканд

Боздиди вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз фаъолияти беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Бохтар ва Леваканд
Ноябр 13
11:36 2020

Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва омодагии онҳо ба давраи зимистон, таҳлили вазъи санитарию эпидемиологӣ, махсусан, пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 боздиди роҳбарияти Вазорати тандрурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар идома дорад.

Бо ин мақсад 12 ноябри соли равон  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз фаъолияти беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Бохтар ва Леваканд дидан намуд.

Зимни боздиди хеш вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо масъулини раёсати тандурустии вилояти Хатлон ва роҳбарони беморхонаҳои мазкур масъалаҳои омодагии муассисаҳои тандурустӣ ба фасли зимистон, назорати вазъи санитарию эпидемиологӣ, махсусан, риояи қоидаҳои пешгирии бемории COVID-19 дар муассисаҳои тандурустӣ, пурзӯр намудани гаштҳои хонагӣ, тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ дар самти пешгирии бемории сироятии коронавируси нави COVID-19, баланд  бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва дигар масъалаҳои алоқаманди соҳаро баррасӣ намуда,  ҷиҳати бартараф намудани камбудиву мушкилоти мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Инчунин, дар беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Бохтар ва Леваканд вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти табобати як қатор беморон низ шинос шуд.

Маврид ба зикри хос аст, ки тайи солҳои охир дар шаҳрҳои Бохтар ва Леваканди вилояти Хатлон маҳз дар партави таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин муассисаҳои хуштарҳу замонавии тиббию табобатӣ бунёд ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ҷиҳозонида шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 619
  • 1,242
  • 949,639