Боздиди Зулфия Абдусаматзода аз фаъолияти муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои минтақаи Рашт

Боздиди Зулфия Абдусаматзода аз фаъолияти муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои минтақаи Рашт
Август 04
15:41 2022

Ҷиҳати аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ 3 августи соли равон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода ба ноҳияҳои минтақаи Рашт сафар намуда, бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои Рашт, Лахш, Тоҷикобод ва Нуробод шинос шуд.

Махсусан, номбурда дар ноҳияҳои болозикр бо рафти хизматрасонии тиббии муассисаҳои номбурда дар самти модар ва кӯдак шинос шуд.

Тавре зикр гардид, хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон яке аз  самтҳои афзалиятноки фаъолияти  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки дар ин самт баҳри таъмини солимии модарон ва кӯдакон пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешавад.

Дар ноҳияҳои болозикр ҳамзамон Зулфия Абдусаматзода бо як қатор беморон ва наздикони онҳо суҳбати озоду ошкоро анҷом дода, доир ба сатҳи хизматрасонии тиббӣ аз онҳо пурсон шуд.

Аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода ба масъулини муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои минтақаи Рашт баҳри боз ҳам хубтару беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 634
  • 1,242
  • 949,654