Боздошти фаъолияти кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо ва ҳуҷраҳои стоматологӣ

Боздошти фаъолияти кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо ва ҳуҷраҳои стоматологӣ
Сентябр 19
09:09 2018

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои дастур ва супоришҳои Ҳукмати Ҷумҳури Тоҷикистон дар самти пурзур намудани назорати фаъолияти кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо ва ҳуҷраҳои стоматологӣ ва дар асоси он таъмини сатҳи сиҳатии сокинон ва ҷилавгирӣ намудани хурӯҷи бемориҳои сироятӣ миёни аҳолӣ татбирҳои амалиеро роҳандозӣ менамояд.

Ба иттилои Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон ҷиҳати пурзур намудани назорати    фаъолияти кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо ва ҳуҷраҳои стоматологӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуд.

Гуфта мешавад дар ду рӯзи санҷиш яъне 17 ва 18 сентябри соли равон   мутахассисони Сарраёсат фаъолияти 28 сартарошхона, кошонаи ҳусн ва ҳуҷраҳои дандонпизишкиро мавриди санҷиш қарор дода як қатор камбудиҳоро ошкор кардааст.

Бино ба гуфтаи сардори сарраёсат Маҳмадҷон Абдурқодирзода аз 28 муассисае, ки мавриди санҷиш қарор гирифтааст фаъолияти 13 адади он бинобар сабаби ба талаботи санитарию эпидимиологӣ ҷавобгуй набудан қатъ карда шудааст. Ба истифодабарандагони муассисаҳои мазкур дастур дода шудааст, кикоргоҳҳои худро ба талаботи санитарию эпидимиологӣ мутобиқ намоянд.

Гуфта мешавад чунин санҷишҳо мувофиқи нақшаи корӣ то 28 сентябр идома хоҳад ёфт.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 642
  • 1,242
  • 949,662