Брифинг дар робита ба шарҳи талаботи ҷорӣ ҷиҳати пешгирии коронавируси нав

Брифинг дар робита ба шарҳи талаботи ҷорӣ ҷиҳати пешгирии коронавируси нав
Март 14
12:50 2020

Дирӯз, 13 марти ҷорӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулони Вазорати корҳои хориҷӣ,  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Беморхонаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Душанбе дар робита ба шарҳи талаботи ҷорӣ ҷиҳати пешгирии коронавируси нав (COVID-19) брифинг баргузор гардид.

Дар суханронии худ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода дар бораи чораҳои андешидашуда ҷиҳати пешгирии интишори коронавирус дар хоки кишвар ва талаботи беҳдоштию эпидемиологӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ маълумот дод.

Ҳамчунин роҳбари Намояндагии созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Галина Перфилева дар бораи шуюи вируси мазкур дар ҷаҳон ва риояи талаботи беҳдоштӣ ва тавсияҳои Созмони мазкур иттилоъ пешниҳод кард.

Зикр гардид, ки шаҳрвандоне, ки  дар давоми 13 рӯзи ахир дар Чин,  Ҷумҳурии Корея, Италия, Эрон, Афғонистон ва Япония қарор доштанд ва ба Тоҷикистон ворид мешаванд, ба муддати 14 рӯз ба карантин фаро гирифта хоҳанд шуд.

Дар поёни брифинг намояндагони корпуси дипломатӣ аз масъулони ниҳодҳои кишвар ба пурсишҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз 1  феврал то 14 марти соли равон 1603 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои Ҷумҳурии Мардумии  Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Италия, Эрон ва Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, ба  карантин фаро гирифта шудаанд.

Аз ин шумора то санаи зикргардида 1280 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 323  нафарашон дар  беморхонаҳои сироятии мамлакат  ба карантин фаро гирифта шудаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 951
  • 1,242
  • 949,971