Бунёди ду майдончаи варзишӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бунёди ду майдончаи варзишӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Июн 13
11:33 2018

Имрӯз бо ибтикори бевоситаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҷиҳати таъмини иҷрои бандҳои 32 ва 33-и фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2017, оид ба корҳои ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе, инчунин бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дар ин замина ҳифзи сатҳи сиҳатии сокинон дар шаҳраки 193, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе як майдончаи зебову замонавии варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Сохтмони  майдончаи варзишӣ   ба тариқи ҳашар сурат гирифта, корҳои бозсозӣ моҳи декабри соли 2017 оѓоз гардида буд.

Дар расми баистифодадиҳии иншооти мазкур роҳбарият ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, инчунин  комиссияи давлатии қабул, кормандони дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарият ва  намояндагони муассисаҳои зертобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳузур доштанд.

Маврид ба таъкид аст, ки майдончаи варзишии мазкур, дар масоҳати 1100 мбунёд ёфтааст.

Бояд қайд кард, ки барои боз ҳам ободу зеботар намудани майдонча ва ҳудуди заминҳои атрофи он иҷрои баъзе корҳои берун аз лоиҳа бо шаклу услуби зебои меъморию шаҳрсозӣ ба анҷом расонида шуданд.

Фаъолону шаҳрвандон, аҳли ҷамоатчигӣ ва истиқоматкунандагони маҳаллаи шаҳраки 193, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур иштирок намуда, аз куллан дигаргун гардидан ва ободу зебо гаштани мавзеи ҷойгиршудаи майдончаи варзишӣ ва масоҳати гирду атрофи он фикру ақидаҳои худро изҳор доштанд. Аз ҷониби иштирокчиён қайд карда шуд, ки бунёди чунин иншоотҳо ва баргузории корҳои ободонию созандагӣ маҳз бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардид, ки бунёди чунин майдончаҳои варзишӣ барои наврасони пойтахти кишвар як туҳфаи бебаҳо ҳисобида мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади гузоштани саҳми арзанда дар корҳои ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе ва ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, дар шаҳраки 61, назди бинои истиқоматии 102-и кўчаи Н.Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе низ майдончаи варзишӣ ва бозии кўдакон бунёд гардидааст, ки маросими баистифодадиҳии майдончаи варзишии шаҳраки 61, назди бинои истиқоматии 102-и кўчаи Н.Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ санаи 14 июн сурат мегирад. Ба иттилои дастрас иншооти мазкур дар масоҳати 4250 мқомат афрохтааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 714
  • 1,242
  • 949,734