Бунёди маркази онлайнӣ байни беморхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беморхонаҳои Ҳиндустон мавриди баррасӣ қарор гирифт

Бунёди маркази онлайнӣ байни беморхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беморхонаҳои Ҳиндустон мавриди баррасӣ қарор гирифт
Ноябр 07
13:34 2017

Бунёди маркази онлайнӣ байни беморхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон     ва  беморхонаҳои Ҳиндустон яке аз масъалаи аслие буд, ки дар мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода   бо сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Сомнатҳ Гош, котиби дуюми сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаноби Шубан Кришен ва аташеи сафорат Ҷаноби Панкаҷ Дианиро мавриби баррасӣ қарор гирифт.

Хотиррасон менамоем, ки бунёди маркази онлайнӣ байни беморхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо беморхонаҳои Ҳиндустон, имкон фароҳам меоварад, ки  ҳангоми гузаронидани амалиётҳои тиббӣ аз таҷрибаи якдигар истифода намуда, машваратҳои судманд низ  истифода гардад.

Ҳамзамон дар мулоқоти мазкур ҷонибҳо  масоили  густариш додани ҳамкориҳои судмандро миёни вилояти Хатлон ва Ҳиндустон дар заминаи ташкил намудани маркази саноатӣ, ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифтани хизматчиёни давлатӣ, кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор додаанд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 959
  • 1,242
  • 949,979