БУНЁДИ ШӮЪБАИ ЭҲЁ ДАР НАЗДИ ШӮЪБАИ БЕМОРИҲОИ СИРОТЯИИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗИИ ШАҲРИ ВАҲДАТ

БУНЁДИ ШӮЪБАИ ЭҲЁ ДАР НАЗДИ ШӮЪБАИ БЕМОРИҲОИ СИРОТЯИИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗИИ ШАҲРИ ВАҲДАТ
Июн 18
13:50 2021

Рушду нумӯи соҳаи тандурустӣ ва тамъини муассисаҳои тиббӣ бо мутахассисони соҳибтаҷриба, инчунин таъмини марказҳои саломатӣ бо дастгоҳу лавозимоти муосири тиббӣ ва бунёду азнавсозии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва дар заминаи он ба талаботи ҷаҳонӣ мутоқиб гардонидани хизматрасонии тиббӣ дар саросари мамлакат яке аз сиёсати инсонсолоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Баробари дарки зуҳури бемориҳои нав ба нави сироятӣ миёни ҷомеаи башарӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати таъмиру азнавсозӣ ва муҷаҳҳаз намудани беморхонаву шӯъбаҳои бемориҳои сироятӣ дар саросари кишвар тадбирҳои амалӣ рӯи даст гирифтааст.

Ҳамин аст, ки имрӯзҳо дар гушаву канори мамлакат беморхонаву шӯъбаҳои сироятӣ бо дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ пурра таъмин карда шуда, биноҳои фарсуда таъмин ва ё азнавсозӣ карда мешаванд.

Дар доираи ин иқдоми наҷиб, дар назди шӯъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат шӯъбаи эҳё барои гирифторони бемориҳои сироятӣ бунёд карда шуд.

Гуфта мешавад, сохтмони бинои мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 10 нафар дар як баст, дар ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд сурат гирифта, бо муосиртарин дастгоҳҳои соҳавӣ аз қабили 10 адад ИВЛ, 10 рахти хоби замонавӣ, 10 кардиоманитор, 10 адад инфузомат, 2 адад дефибилиатори барқӣ, 1 адад дастгоҳи сабти барқии дил ва ғ таъмин карда шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар шафати бинои навбунёд, сехи истеҳсолкунандаи кисларод бунёд ёфта, муассиса пурра бо хати интиқоли оксигени намнок таъмин карда шудааст.

Сокинони шаҳри Ваҳдат аз бунёди чунин муассисаҳо бобати таъмини сиҳатии омма изҳори қаноатмандӣ намуда, ходимони соҳаи тандурустӣ аз роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустӣ ва муҷаҳҳаз намудани муассисаҳо бо дастгоҳу лавозимоти тиббӣ сипосгузорӣ намуданд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки бунёду азнавсозӣ ва таъмини беморхонаҳо бо дастгоҳу лавозимотӣ тиббӣ, заминаи боло рафтани хизматрасонии  хуби тибби ба аҳолӣ буда, кафили сиҳатии сокинон маънидод мегардад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 675
  • 1,242
  • 949,695