Санаи 2 июни соли равон сафари кории Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ташкилотҳои байналмиллалӣ бо мақсади боздид аз вазъи феълии хизматрасонии тиббӣ ба вилояти Хатлон сурат гирифт.
Зимни сафари корӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо доираи фасеъи намояндагони ташкилотҳои байналмиллалӣ, аз қабилӣ Ян-Питер Олтерс, намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Точикистон, Сезин Синаноглу, Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон, Осама Маккавӣ, намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, ташкилоти UNOPS, инчунин намояндагони Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон (Лоиҳаи ТЕС-19), Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) аз якчанд муаасисаи соҳаи тандурустии вилоят дидан намуданд.
Гуфта мешавад, ки мақсад аз сафари ҳайати корӣ шиносоӣ аз рафти муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои тиббӣ ва боздид аз вазъи феълии хизматрасонии тиббӣ аст.
Зимни сафар Ҷамолиддин Абдуллозода бо доираи васеъи намояндагони ташкилотҳои байналмиллалӣ аз беморхонаи марказӣ ва сироятии шаҳри Кӯлоб, Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара ва дигар иншооти соҳавӣ дидан ба амал оварданд.
Дар оғози сафар гурӯҳи корӣ ба Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, аз таъмиру тармим ва бо рафти муҷаҳҳазгардонии муассисаи тиббӣ бо муосиртарин дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ дидан намуданд.
Ҳамзамон, таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат меҳмонон ба Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯлоб дар Зарқалъа ташриф овардаву аз вазъи феълии хизматрасонии тиббӣ дар муассисаи мазкур шиносоӣ пайдо намуда, ҷиҳати дастовардҳои соҳавӣ бо мутахассисони Беморхонаи марказии ноҳияи мазкур гуфтушунид доир намуданд.
Инчунин, дар идомаи сафар ба вилояти Хатлон гурӯҳи корӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварда, аз вазъи хизматрасонии тиббии Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи мазкур дидан намуда, бо шароити феълии муассиса шинос шуданд.
Ҳамзамон дар доираи сафар ба ноҳияи Данғара гурӯҳи корӣ аз вазъи таълиму тарбия ва касбомӯзии толибилмон аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара дидан намуда, бо шароити илмомузиву барномаҳои таълимии устодон шинос гардиданд.
Баъд аз анҷоми сафари корӣ намояндагони ташкилотҳои байналмиллалӣ аз ҳамкориҳои пайваста бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҷанбаҳо, хосатан дар бахши тандурустӣ изҳори хушнудӣ намуда, ба вазъи феълии хизматрасонии тиббӣ дар минтақа баҳои хуб доданд ва бобати боз ҳам беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ дар вилоят, хосатан дар самти таъмини марказҳои саломатӣ бо дастгоҳу лавозимоти тиббӣ барои ҳамкорӣ ва кӯмак ҳавасмандии хешро иброз намуданд.
Маврид ба тазаккур аст, ки тайи солҳои охир дар доираи ҳамкориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикон оид ба рушд дар саросари мамлакат дастгоҳу лавозимоти тиббӣ зиёд гардида, вазъи хизматрасонии тиббӣ ба шаҳрвандон беҳтару хубтар мегардад.