Чашни Ғалаба дар Осоишгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон»

Чашни Ғалаба дар Осоишгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон»
Май 10
15:51 2017

9 май аз ҷониби миллионҳо нафар мардуми сулҳхоҳи сайёра ҳамчун Рӯзи иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 ботантана ҷашн гирифта мешавад.

Қаҳрамонию корнамоии бемислу монанди мардони далери майдони набард, собиқадорону иштирокчиёни шуҷои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 барои наслҳои ҷавон ибратомӯзу мояи ифтихор буда, онҳоро водор месозад, ки чун фарзандони содиқи Ватан баҳри ҳимояи диёри азизамон омода бошанд.

Халқи тоҷик, миллати шарафманду куҳанбунёди мо ҳеҷ гоҳ аз хотир намебарорад, ки туфайли чигуна арзишҳо ба зиндагии осуда ва хушбахтии ҳаёт муваффақ шудааст. Тавре мегӯянд: «Хеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст!»

Насли имрӯз ҳамеша ба он иштирокчиёни Ҷанги Бузуруги Ватанӣ ва собиқадорони меҳнат, ки дар фазои ороми кишвари соҳибистиқлоламон зиндагӣ карда, давлати пирӣ меронанд, эҳтиром гузошта, дар назди корнамоии Қаҳрамонон сари таъзим фуруд меорад ва номи онҳоеро, ки аз ҳаёт даргузаштаанд, ба некӣ ёд мекунад.

Ин буд, ки 8 майи соли ҷорӣ  ба ифтихори 72 солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 мавсими табобату истироҳат  дар Муассисаи давлатии «Осоишгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон» – и ноҳияи Варзоб оғоз гардида, бо ташаббуси Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистончорабинии бошукуҳ доир карда шуд.

Қайд бояд кард, ки  чорабинии мазкурро вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Олимзода Насим Хоҷа ифтитоҳ намуда,  иштирокчиёни Ҷанги Бузуруги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат, меҳмонон ва ҳозиринро ба Рӯзи иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 табрик намуд.

Инчунин дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Варзоб низ иштирок намуда, табрикоти аҳли ноҳияро ба собиқадорон расонид.

Чорабиниро барномаи фарҳангию фароғатӣ боз ҳам ободу зебо гардонида, барои собиқадорони ҷангу меҳнат дастархони идона ороста карда шуд.

Дар хотима вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Олимзода Насим Хоҷа ва директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Холзода Абдулҳаким Қувват собиқадорони ҷангу меҳнатро бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз намуданд.

Директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холзода Абдулҳаким Қувват қайд намуд, ки дар мавсими имсола дар Муассисаи давлатии «Осоишгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон» – и ноҳияи Варзоб» барои собиқадорони ҷангу меҳнат тамоми шароитҳои зарурии истироҳату табобат муҳайё гардида, аҳли кормандони он кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба онҳо дар сатҳи баланд хизмат расонанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 698
  • 1,242
  • 949,718