Чорабинӣ вобаста ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинӣ вобаста ба  27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон
Сентябр 11
08:32 2018

Чанде қабл бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар толори маҷлисгохи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон,  чаласа баргузор гардид.

Чаласаи мазкур таҳти роҳбарии Суйдулло Маллазода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон баргузор гардида, дар кори он роҳбарият ва намояндагони муассисаву идораҳои марбутаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Суйдулло Маллазода дар чорабинии мазкур кулли ҳозиринро ба муносибати  27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон табрик намуда, аз дастовардҳои соҳаи тандурустӣ дар вилоят муфассал суханрони намуд.

“Мо табибон нисбати ғамхорӣ ба маризон  бояд диққати ҷидди дода, сазовори номи  табиби ҳақиқи бошем. Баҳри дастуру ҳидоятҳои  Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалї Раҳмон cаъю кўшиш намоем ва идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ пайкараи Шайхурраис Абӯалӣ ибни Синоро дар кори худ ҳамеша пайрави намоем”- иброз намуд Суйдулло Маллазода

Дар охири чорабинӣ собиқадорони соҳа ва табибони варзидаи вилоят бо ифтихорномаю тўҳфаҳои хотиравии таъсисдодаи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тибби вилояти Хатлон, барои рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 12
  • 674
  • 1,242
  • 949,694