Чорабиниҳои идона бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон

Чорабиниҳои идона бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон
Август 17
15:17 2021

Чорабиниҳои идона бахшида ба 18 август-Рӯзи кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон дар муассисаҳои тандурустии мамлакат дар сатҳи баланд идома доранд.

Имрӯз, 17 августи соли равон  дар робита ба таҷлили ин сана дар як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”, Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш”, Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов ва дигар муассисаҳои тиббӣ чорабниҳои бошукӯҳ доир гардиданд.

Дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода,  муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ,  раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматзода, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Шарифзода Хушбахт, роҳбарият ва кормандони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Аснои суханронӣ баромадкунандагон кормандони соҳаи тандурустии мамлакатро ба Иди касбияшон муборакбод намуда, ба фаъолияти минбаъдаи эшон барору муваффақият орзу намуданд.

Чунин як чорабинии  бошукӯҳ дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” низ доир гардид, ки дар он Раиси ҲХДТ дар ноҳияи Сино  Файзуллозода З.Ф, директори муассиса Шамсзода Хизматулло ва доираи васеи кормандони муассиса иштирок намуданд.

Нотиқон аснои суханронӣ иброз доштанд, ки ҳадаф аз таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон ин  пеш аз ҳама қадршиносии заҳматҳои шабонарӯзии ин табақаи қишри ҷомеа мебошад.

Дар идомаи чорабиниҳои идона як қатор кормандони фаъоли соҳа бо Ифтихорнома, Сипоснома  ва нишони сарисинагӣ қадрдонӣ гардиданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 694
  • 1,242
  • 949,714