Чорабинии фарогирии бекирмгардонӣ дар байни кӯдакони аз 5 то 14-сола гузаронида мешавад

Чорабинии фарогирии бекирмгардонӣ дар байни кӯдакони аз 5 то 14-сола гузаронида мешавад
Декабр 11
13:36 2020

Дар асоси фармоиши якҷояи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №857 ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, №2231, аз 03.11.2020 «Оид ба гузаронидани чорабинии фарогирии бекирмгардонӣ» Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 то 12 декабри соли ҷорӣ чорабинии бекирмгардониро дар байни кӯдакони синни аз 5 то 14 солаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  ба роҳ мондааст.

Бояд гуфт, ки мақсади асосии гузаронидани чорабинии мазкур паст намудани сатҳи паҳншавии бемориҳои гелминтозӣ дар байни кӯдакон ва наврасони шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Баҳри бомуваффақият гузарондани ин чорабинӣ дар асоси фармоиши якҷояи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишҳои cардорони раёсатҳои тандурустӣ ва маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе, марказҳои саломатии ноҳиявӣ ва мудирони шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳои тобеи марказ ба тасвиб  расидаанд.

Барои гузаронидани ин чорабинӣ  тибқи дархости Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ба миқдори 2 060 000 ҳабиалбендазол   (400 мг) ҷудо карда шуда, доруворӣ ба тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ   дар асоси рӯйхат ба миқдори зарурӣ дастрас карда шудааст.

Пеш аз гузарондани ҷорабинии фарогирии бекирмгардонӣ аз тарафи мутахассисони «Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доруи Албендазол, нақшаи тақсимоти доруворӣ ва протоколи табобат оид ба мақсад, вазифа ва тарзи дурусти истифодабарии доруи Албендазол дастрас ва таъмин карда шуд.

Мувофиқи нақша зиёда аз 2 000 000 кӯдакони синни аз 5 то 14 солаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба чорабинии мазкур фаро гирифта мешаванд.

Бояд гуфт, ки назорати иҷрои чорабинии бекирмгардонӣ аз тарафи мутахассисони марказҳои мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ ва марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъмин карда мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 961
  • 1,242
  • 949,981