Чорабинии идонаи Беморхонаи шаҳрии кӯдаконаи бемории сил

Чорабинии идонаи Беморхонаи шаҳрии кӯдаконаи бемории сил
Июн 01
13:10 2018

Баҳри баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқҳои кӯдакон, тансиҳативу рушди солимии ояндаи ҷомеа, имрӯз дар Беморхонаи шаҳрии кӯдаконаи бемории сил ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон,  чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Самӣ Шариф, сартабиби беморхона Ҳусензода Ҳилолиддин Ҳусейн, ташкилоти башардӯстонаи «Духтурон бидуни марз», ва  ташкилоти ғайридавлатии Ҳилоли Аҳмар  ширкат варзиданд.

Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳия кӯдакони мубталои бемории силро  табрик намуда, пасон сартабиби беморхона Ҳилолиддин Ҳусейн тӯҳфаҳо ва бозичаҳои хотирмонро тақдими кӯдакон намуд.

Қайд кардан зарур аст, ки бо дастгирии бевоситаи  вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сартабиби беморхонаи номбурда дар ҳамкорӣ бо ташкилоти башардӯстонаи «Духтурон бидуни марз» ва  «Ҳилоли Аҳмар»   барои кӯдакони гирифтори бемории сил тӯҳфаҳо  харидорӣ карда шуда,  дастархони идона ороста шуд.

Дар чорабинии мазкур гурӯҳи калони ҳунармандон табъи ҳозиринро болида гардонданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 614
  • 1,242
  • 949,634