Чорабинии наврўзии Беморхонаи шаҳрии кўдаконаи бемории сил

Чорабинии наврўзии Беморхонаи шаҳрии кўдаконаи бемории сил
Март 30
21:16 2018

Таҷлили бошукӯҳи  Наврӯзи ҷаҳонӣ таи чанд рӯз аст, ки  дар ҳамаи муассисаҳои зерсохтори Вазорати тандурутӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Имрўз  бошад дар Беморхонаи шаҳрии кўдаконаи бемории сил маросими наврузӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур директории Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Раҷабзода, сардухтури Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷароҳии қафаси сина Шарипов Фируз, роҳбарон ва намояндагони ташкилоти шарикони рушд, аз ҷумла лоиҳаи “Духтурон бидуни марз” иштирок намуданд.

Маросими наврўзии беморхонаро  муовини директори Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зиди сил Шарипов Бобоҷон бо табрикоти идонаашон оѓоз намуда, баъдан гурўҳи ҳунармандон табъи аҳли нишаст ва кудакону наврасони гирифтори бемории силро болида гардониданд.

Ҳамчунин дар рафти чорабинии идонаи Беморхонаи шаҳрии кўдаконаи бемории сил роҳбари ташкилоти байналмилалии “Духтурон бидуни марз” Себастян Гай суханронӣ намуда,  чунин иброз дошт: “Шиори Рўзи Ҷаҳонии Бемории Сил дар соли 2018 чунин аст- “Мо дар ҷустуҷўи онҳое ҳастем, ки барои аз бемории сил наҷот додани тамоми олам ҳамчун пешбару пешво (лидер) буда метавонанд…” ва мақсади ин шиор  аз ташкил додани як ҷамияти дастаҷамъӣ барои хотима додан ба бемории сил ва наҷот додани одамон аз ин беморӣ мебошад”.

Дар хотимаи чорабинии идона аз ҷониби ташкилоти шарикони рушд, ки дар соҳаи силшиносӣ фаъолият мекунанд, кўдакону наврасони бемор ва кормандони беморхонаро бо тўфаҳо сарфароз гардониданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 592
  • 1,242
  • 949,612