COVID-19 ДАР ҶАҲОН. Беш аз 1 миллион нафар аз сирояти коронавирус шифо ёфтаанд

COVID-19 ДАР ҶАҲОН. Беш аз 1 миллион нафар аз сирояти коронавирус шифо ёфтаанд
Май 01
12:10 2020

Дар ҷаҳон шумораи гирифторони коронавируси COVID-19 ба 3 миллиону 308 ҳазору 874 нафар расида, аз онҳо 1 миллиону 42 ҳазору 993 кас шифо ёфтаанд ва 234 ҳазору 133 тан фавтидаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

Дар Иёлоти Муттаҳида, ки аз рӯи шумораи гирифторони ин вирус дар ҷаҳон дар ҷои аввал қарор дорад, 1 миллиону 95 ҳазору 304 ҳолат тасдиқ шудааст. Теъдоди фавтидагон 63 ҳазору 871 нафар ва шумораи шифоёфтагон 155 ҳазору 737 касро ташкил медиҳад.

Дар Испания шумораи сироятёфтагон 239 ҳазору 639 нафар буда, давоми шабонарӯзи гузашта 2 740 ҳолати нав тасдиқ гардид. Дар он 24 ҳазору 543 нафар беморони ба ин вирус гирифтор фавтида, 137 ҳазору 984 кас шифо ёфтаанд.

Дар Италия шумораи мубталоён 205 ҳазору 463 нафар ва теъдоди фавтидагону шифоёфтагон мутаносибан 27 ҳазору 967 нафар ва 75 ҳазору 945 кас мебошад.

Шумораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Британияи Кабир 171 ҳазору 253 нафар ва теъдоди ҳолатҳои фавт 26 ҳазору 771 нафар мебошад.

Дар Франсия 167 ҳазору 178 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ гардида, 24 376 ҳолати фавт ва 49 476 мавриди шифоёбӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар Германия теъдоди мубталоён 163 ҳазору 9 нафарро ташкил дода, шумораи ҳолатҳои фавт 6 623 ва теъдоди шифоёфтагон 123 500 нафар мебошад.

Дар Туркия теъдоди гирифторони коронавирус ба 120 ҳазору 204 нафар расида, шумораи ҳолатҳои фавт ва шифоёбӣ мутаносибан 3 174 ва 48 886 нафар мебошад.

Дар Россия, ки аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷаҳон дар ҷойи 8-ум мебошад, дирӯз 7 099 мавриди нав ошкор шуда, шумораи сироятёфтагон ба 106 498 кас расид. Аз ин шумора 11 619 нафар табобат шуда, 1 073 кас фавтидаанд.

Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар Эрон 94 ҳазору 640 нафарро ташкил дода, аз онҳо 6 ҳазору 28 нафар вафот кардаанд ва 75 ҳазору 103 кас сиҳат шудаанд.

Дар Бразилия, ки он низ аз Чин пеш гузашт ва аз рӯи шумораи сироятшудагон дар ҷаҳон ба ҷойи 10-ум баромад, 87 187 ҳолат тасдиқ шуда, аз онҳо 6 006 нафар фавтидаанд ва 35 935 кас сиҳат шудаанд.

Дар Чин, ки бемории мазкур бори аввал дар он хуруҷ карда буд, 82 ҳазору 874 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, аз миёни онҳо 4 633 нафар вафот намудаанд ва 77 642 тан шифо ёфтаанд.

Дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мутақил (ИДМ), аз ҷумла дар Беларус – 14 027 ҳолат, Украина – 10 406, Молдова – 3 897, Қазоқистон – 3 551, Арманистон – 2 066, Ӯзбекистон – 2 046, Озарбойҷон – 1 804, Қирғизистон — 756 ва Тоҷикистон – 15 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардидааст.

То имрӯз дар Беларус  2 386 нафар, Озарбойҷон — 1 325, Молдова – 1 182, Украина — 1 238, Ӯзбекистон – 1 1 33, Арманистон  – 929, Қазоқистон – 866 ва Қирғизистон – 504 нафар шифо ёфтаанд.

Илова бар ин, дар Украина 261 нафар беморони гирифтор ба коронавирус, Молдова – 116, Беларус – 89, Арманистон – 32, Қазоқистон – 25, Озарбойҷон – 24, Ӯзбекистон — 9 ва Қирғизистон — 8 нафар фавтидаанд.

Миёни давлатҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус расман ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус 2 171 нафар буда, 260 нафари онҳо шифо ёфтаанд ва 64 тани дигар вафот кардаанд.

Дар байни давлатҳои арабӣ теъдоди зиёди мубталоён дар Арабистони Саудӣ ба қайд гирифта шуда, 22 753 нафарро ташкил медиҳад, ки миёни онҳо 162 ҳолати фавт ва 3 163 мавриди шифоёбӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар Қатар 13 409 нафар мубталои коронавирус шуда, аз онҳо 10 кас вафот кардаанд ва 1 372 нафар табобат шудаанд.

Дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) 12 481 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардида, дар он шумораи фавт ва шифоёбӣ нисбат ба Қатар бештар аст — 105 ва 2 429 ҳолат.

Дар муқоиса бо дигар давлатҳои арабӣ сатҳи фавт дар Миср баландтар аст — 392 нафар. Шумораи сироятёфтагон 5 537 нафар ва шифоёфтагон 1 381 касро ташкил медиҳад.

Теъдоди мубталоён дар Ироқ 2 085 нафар буда, шумораи фавтидагон 93 нафар ва табобатшудагон 1 375 кас мебошад.

Дар Баҳрайн низ фавти кам, яъне 8 ҳолат мушоҳида шуда, шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят 3 040 нафарро ташкил медиҳад. Дар он 1 500 кас шифо ёфтаанд.

Дар Кувайт 26 ҳолати фавт сабт гардида, 4 024 нафар сироят ёфтаанд ва 1 539 кас табобат шудаанд.

Шумораи мубталоён дар Сурия 43 нафар буда, 3 ҳолати фавт ва 21 мавриди шифоёбӣ ба қайд гирифта шудааст.

11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда,  имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 720
  • 1,242
  • 949,740