COVID-19 ДАР ҶАҲОН. Дар Чин ҳамагӣ як ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуд

<span class="dojodigital_toggle_title">COVID-19 ДАР ҶАҲОН. Дар Чин ҳамагӣ як ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуд</span>
Май 05
09:42 2020

Дар ҷаҳон шумораи гирифторони коронавируси COVID-19 ба 3 миллиону 646 ҳазору 201 нафар расида, аз онҳо 1 миллиону 200 ҳазору 170 кас шифо ёфтаанд ва 252 ҳазору 407 тан фавтидаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

Дар Иёлоти Муттаҳида, ки аз рӯи шумораи гирифторони ин вирус дар ҷаҳон дар ҷои аввал қарор дорад, 1 миллиону 212 ҳазору 900 ҳолат тасдиқ шудааст. Теъдоди фавтидагон 69 ҳазору 921 нафар ва шумораи шифоёфтагон 188 ҳазору 27 касро ташкил медиҳад.

Дар Испания шумораи сироятёфтагон 248 ҳазору 301 нафар буда, давоми шабонарӯзи гузашта 1 179 ҳолати нав тасдиқ гардид. Дар он 25 ҳазору 428 нафар беморони ба ин вирус гирифтор фавтида, 151 ҳазору 633 кас шифо ёфтаанд.

Дар Италия шумораи мубталоён 211 ҳазору 938 нафар ва теъдоди фавтидагону шифоёфтагон мутаносибан 29 ҳазору 79 нафар ва 82 ҳазору 879 кас мебошад.

Шумораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Британияи Кабир 190 ҳазору 584 нафар ва теъдоди ҳолатҳои фавт 28 ҳазору 734 нафарро ташкил медиҳад.

Дар Франсия 169 ҳазору 462 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ гардида, 25 201 ҳолати фавт ва 51 371 мавриди шифоёбӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар Германия теъдоди мубталоён 166 ҳазору 152 нафарро ташкил дода, шумораи ҳолатҳои фавт 6 993 ва теъдоди шифоёфтагон 132 700 нафар мебошад.

Дар Россия, ки аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷаҳон дар ҷойи 7-ум қарор дорад, дирӯз 10 581 мавриди нав ошкор шуда, шумораи сироятёфтагон ба 145 268 кас расид. Аз ин шумора 18 095 нафар табобат шуда, 1 356 кас фавтидаанд.

Дар Туркия теъдоди гирифторони коронавирус ба 127 ҳазору 659 нафар расида, шумораи ҳолатҳои фавт ва шифоёбӣ мутаносибан 3 461 ва 68 186 нафар мебошад.

Дар Бразилия, ки баъд аз Чин Эронро низ пас гузошт ва аз рӯи шумораи сироятшудагон дар ҷаҳон ба ҷойи 9-ум баромад, 108 620 ҳолат тасдиқ шуда, аз онҳо 7 367 нафар фавтидаанд ва 45 815 кас сиҳат шудаанд.

Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар Эрон 98 ҳазору 647 нафарро ташкил дода, аз онҳо 6 ҳазору 277 нафар вафот кардаанд ва 79 ҳазору 379 кас сиҳат шудаанд.

Дар Чин, ки бемории мазкур бори аввал дар он хуруҷ карда буд, давоми рӯз ҳамагӣ 1 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, шумораи умумии онҳо ба 82 ҳазору 881 нафар расид, ки аз миёни онҳо 4 633 нафар вафот намудаанд ва 77 853 тан шифо ёфтаанд.

Дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мутақил (ИДМ), аз ҷумла дар Беларус – 17 489 ҳолат, Украина – 12 331, Молдова – 4 248, Қазоқистон – 4 121, Арманистон – 2 507, Ӯзбекистон – 2 189, Озарбойҷон – 1 984, Қирғизистон — 843 ва Тоҷикистон – 230 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардидааст.

То имрӯз дар Беларус  3 259 нафар, Украина — 1 619, Озарбойҷон — 1 480, Молдова – 1 423, Ӯзбекистон – 1 405, Қазоқистон – 1 173, Арманистон  – 1 071 ва Қирғизистон – 600 нафар шифо ёфтаанд.

Илова бар ин, дар Украина 303 нафар беморони гирифтор ба коронавирус, Молдова – 132, Беларус – 103, Арманистон – 39, Қазоқистон – 29, Озарбойҷон – 26, Қирғизистон — 11, Ӯзбекистон — 10 ва Тоҷикистон — 3 нафар фавтидаанд.

Миёни давлатҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус расман ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус 2 894 нафар буда, 397 нафари онҳо шифо ёфтаанд ва 90 тани дигар вафот кардаанд.

Дар байни давлатҳои арабӣ теъдоди зиёди мубталоён дар Арабистони Саудӣ ба қайд гирифта шуда, 28 656 нафарро ташкил медиҳад, ки миёни онҳо 191 ҳолати фавт ва 4 476 мавриди шифоёбӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар Қатар 16 191 нафар мубталои коронавирус шуда, аз онҳо 12 кас вафот кардаанд ва 1 810 нафар табобат шудаанд.

Дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) 14 730 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардида, дар он шумораи фавт ва шифоёбӣ нисбат ба Қатар бештар аст — 137 ва 2 966 ҳолат.

Дар муқоиса бо дигар давлатҳои арабӣ сатҳи фавт дар Миср баландтар аст — 436 нафар. Шумораи сироятёфтагон 6 813 нафар ва шифоёфтагон 1 632 касро ташкил медиҳад.

Теъдоди мубталоён дар Ироқ 2 346 нафар буда, шумораи фавтидагон 98 нафар ва табобатшудагон 1 544 кас мебошад.

Дар Баҳрайн низ фавти кам, яъне 8 ҳолат мушоҳида шуда, шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят 3 533 нафарро ташкил медиҳад. Дар он 1 744 кас шифо ёфтаанд.

Дар Кувайт 40 ҳолати фавт сабт гардида, 5 278 нафар сироят ёфтаанд ва 1 947 кас табобат шудаанд.

Шумораи мубталоён дар Сурия 44 нафар буда, 3 ҳолати фавт ва 27 мавриди шифоёбӣ ба қайд гирифта шудааст.

11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда,  имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 710
  • 1,242
  • 949,730