COVID-19 ДАР ҶАҲОН: то имрӯз беш аз 720 ҳазор нафар аз коронавирус шифо ёфтаанд

COVID-19 ДАР ҶАҲОН: то имрӯз беш аз 720 ҳазор нафар аз коронавирус шифо ёфтаанд
Апрел 23
09:07 2020

Ба ҳолати соати 9-и 23 апрел дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси COVID-19 ба 2 миллиону 638 ҳазору 24 нафар расида, теъдоди шифоёфтагон 721 ҳазору 734 кас ва фавтидагон 184 ҳазору 235 тан мебошад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

Дар Иёлоти Муттаҳида, ки аз рӯи шумораи гирифторони ин вирус дар ҷои аввал қарор дорад, 849 ҳазору 92  ҳолат тасдиқ шудааст. Теъдоди фавтидагон 47 ҳазору 476 нафар ва шумораи шифоёфтагон 84 ҳазору 50 касро ташкил медиҳад.

Дар Испания шумораи сироятёфтагон 208 ҳазору 309 нафар буда, давоми шабонарӯзи гузашта 4 211 ҳолати нав тасдиқ гардид. Дар он 21 ҳазору 717 нафар беморони ба ин вирус гирифтор фавтида, 85 ҳазору 915 кас шифо ёфтаанд.

Дар Италия шумораи мубталоён 187 ҳазору 327 нафар ва теъдоди фавтидагон 25 ҳазору 85 нафар мебошад. Дар Франсия 159 ҳазору 877 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ гардида, 21 340 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.

Дар Германия теъдоди мубталоён 150 ҳазору 648 нафарро ташкил дода, шумораи ҳолатҳои фавт 5 315 мебошад. Шумораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Британияи Кабир 133 ҳазору 495 нафар ва теъдоди ҳолатҳои фавт 18 ҳазору 100 нафар мебошад.

Дар Туркия теъдоди ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус ба 98 ҳазору 674 нафар расида, шумораи ҳолатҳои фавт ва шифоёбӣ мутаносибан 2 376 ва 16 477 нафар мебошад.

Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар Эрон 85 ҳазору 996 нафарро ташкил дода, аз онҳо 5 ҳазору 391 нафар вафот кардаанд.

Дар Чин 82 ҳазору 798 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, аз миёни онҳо 4 632 нафар вафот намудаанд.

Дар Россия, ки дар ҷаҳон дар ҷои 10-ум қарор дорад, дирӯз 5 236 мавриди нав ошкор шуда, шумораи сироятёфтагон ба 57 999 кас расид. Аз ин шумора 4 420 нафар табобат шуда, 513 кас фавтидаанд.

Дар дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мутақил (ИДМ), аз ҷумла дар Беларус – 7 281 ҳолат, Украина – 6 592, Молдова – 2 778, Қазоқистон – 2 191, Ӯзбекистон – 1 716, Озарбойҷон – 1 518, Арманистон – 1 473 ва Қирғизистон — 631 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид.

То имрӯз дар Озарбойҷон 907 нафар, Беларус – 769, Арманистон  – 633, Молдова – 560, Қазоқистон – 515, Ӯзбекистон – 450, Украина — 424 ва Қирғизистон – 302 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.

Илова бар ин, дар Украина 174 нафар беморони гирифтор ба коронавирус, Молдова – 75, Беларус – 58, Арманистон – 24, Озарбойҷон – 20, Қазоқистон – 19, Қирғизистон – 7 ва Ӯзбекистон 7 нафар фавтидаанд.

Миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус 1 176 нафар буда, 166 нафари онҳо шифо ёфтаанд ва 40 тани дигар вафот кардаанд.

Дар байни давлатҳои арабӣ теъдоди зиёди мубталоён дар Арабистони Саудӣ ба қайд гирифта шуда, 12 772 нафарро ташкил медиҳад, ки миёни онҳо 114 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.

Дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) 8 238 ҳолати сиротяёбӣ ошкор гардида, миёни онҳо 52 нафар фавтидаанд. Дар Қатар 7 141 нафар мубталои коронавирус шуда, дар он шумораи фавт нисбат ба АМА камтар аст — 10 ҳолат.

Дар муқоиса бо дигар давлатҳои арабӣ сатҳи фавт дар Миср баландтар аст — 276 нафар. Аммо шумораи сироятёфтагон кам буда, 3 659 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди мубталоён дар Ироқ 1 631 нафар ва шумораи фавтидагон 83 нафар мебошад.

Дар Баҳрайн низ фавти кам, яъне 7 ҳолат мушоҳида шуда, шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят 2 027 нафарро ташкил медиҳад. Дар Кувайт 13 ҳолати фавт ба қайд гирифта шуда, 2 248 нафар сироят ёфтаанд. Шумораи мубталоён дар Сурия 42 нафар буда, 3 ҳолати фавт ба қайд гирфита шудааст.

11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда,  имрӯз дар бораи 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

ДАР АКС: Кит Уотсони 101-сола пас аз табобати бемории коронавирус дар беморхонаи Александри шаҳри Реддитчи Британияи Кабир ба манзили зисташ бар мегардад.

АКС аз «Sky News»

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 738
  • 1,242
  • 949,758