COVID-19. Дар Қирғизистон аввалин бемори гирифтор ба коронавирус вафот кард

COVID-19. Дар Қирғизистон аввалин бемори гирифтор ба коронавирус вафот кард
Апрел 03
11:20 2020

Дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси COVID-19 ба беш аз 1 миллион нафар расида, теъдоди шифоёфтагон зиёда аз 212 ҳазор кас ва фавтидагон беш аз 53 ҳазор тан гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

Ба ҳолати субҳи 3 апрел дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мутақил (ИДМ) шумораи сироятёфтагон аз коронавирус ба 7091 нафар расид. Аз ҷумла дар Россия 3548 ҳолат, Украина – 897, Арманистон – 663, Молдова – 505, Қазоқистон – 444, Озарбойҷон – 400, Беларус – 304, Ӯзбекистон – 205 ва Қирғизистон — 125 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид.

Дар ҳамаи ин давлатҳо шумораи беморони шифоёфта низ рӯз аз рӯз меафзояд. Масалан, то имрӯз дар Россия 235 нафар, Беларус — 53, Арманистон — 33, Қазоқистон — 28, Озарбойҷон — 26, Ӯзбекистон – 25, Молдова — 23, Украина – 19 ва Қирғизистон — 5 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.

Дар Қирғизистон аввалин беморе, ки дар ӯ сирояти коронавируси COVID-19 ошкор гардида буд, вафот кард. Илова бар ин, дар Россия 30 ҳолат, Украина – 22, Арманистон – 7, Молдова – 6, Озарбойҷон – 5, Беларус – 4, Қазоқистон — 3 ва Ӯзбекистон — 2 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Бояд тазаккур дод, ки миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус зиёд шуда, 273 нафарро ташкил медиҳад, ки 10 нафари онҳо шифо ёфта, 6 тани дигар вафот кардаанд.

Дар ҷаҳон аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, ИМА дар ҷои аввал қарор дорад. Теъдоди мубталоён дар Иёлоти Муттаҳида 245 ҳазору 88 нафарро ташкил медиҳад.

Италия дар ҷои дуюм буда, дар он то имрӯз 115 242 ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Италия ҳанӯз ҳам мамлакати аврупоие боқӣ  мемонад, ки дар он шумораи зиёди фавт аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, он 13 915 нафарро ташкил медиҳад.

Испания аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои сеюм қарор гирифта, дар он 112 ҳазору 65 нафар мубталои коронавирус шудаанд.

Шумораи зиёди сироятҳо ҳамчунин дар Германия — 84 794, Чин — 81 620, Франсия — 59 105, Эрон — 50 468, Британияи Кабир — 33 718, Швейтсария — 18 827, Туркия – 18 135, Белгия – 15 348, Нидерланд – 14 697, Канада – 11 283, Австрия – 11 129 ва Кореяи Ҷанубӣ — 10 062 ба қайд гирифта шудааст.

Аз ҳама бештар  дар Чин — 76 571 нафар, Испания – 26 743, Германия – 22 440, Италия – 18 278, Эрон – 16 711, Франсия – 12 428, ИМА – 10 403, Кореяи Ҷанубӣ – 6 021, Швейтсария – 4 013 ва Белгия – 2 495 нафар беморон шифо ёфтаанд.

Ба даҳгонаи давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, Италия (13 915 нафар), Испания (10 348), ИМА (6 088), Франсия (5 387), Чин (3 322), Эрон (3 160), Британияи Кабир (2 921), Нидерланд (1 339), Германия (1 107) ва Белгия (1 011) дохил мешаванд.

СУТ, ки 11 март хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда буд, имрӯз дар бораи беш аз 200 кишвару ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 919
  • 1,242
  • 949,939