COVID-19. Дар Осиёи Марказӣ ду ҳолати нахустини фавт аз коронавирус ба қайд гирифта шуд

COVID-19. Дар Осиёи Марказӣ ду ҳолати нахустини фавт аз коронавирус ба қайд гирифта шуд
Март 27
12:00 2020

Ба ҳолати 27 март шумораи шахсони мубтало ба коронавирус дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ба 251 ва дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба 2001 нафар расид. Ғайр аз он, ду ҳолати нахустини фавт аз коронавирус дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла як зани 64-сола дар Қазоқистон ва як зани 72-сола дар Ӯзбекистон ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

Дар байни давлатҳои ИДМ шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ бо навъи нави коронавируси COVID-19 дар Россия ба қайд гирифта шуда, ба  840 нафар расидааст. Пас аз он Арманистон қарор дорад, ки дар он ҷо 329 ҳолат ошкор гардидааст. Дар ҷои сеюм Украина буда, 196 нафар ба ин вирус мубтало шудаанд.

Дар дигар давлатҳои Иттиҳод, аз ҷумла дар Молдова 177 ҳолати сироятёбӣ, Қазоқистон — 124, Озарбойҷон — 122, Беларус — 86, Ӯзбекистон — 83 ва Қирғизистон – 44 ҳолат тасдиқ шудаанд.

Дар баъзе аз ин давлатҳо инчунин шумораи бемороне, ки шифо ёфтаанд, меафзояд. Масалан, то имрӯз дар Россия 41 нафар, Беларус — 29, Арманистон — 18, Озарбойҷон — 15, Ӯзбекистон – 5, Молдова — 2, Қазоқистон — 2 ва Украина — 1 нафар шифо ёфта, ба манзили зисташон баргаштаанд.

Илова бар ин, дар Россия 2 ҳолати фавт, Озарбойҷон – 3, Молдова – 1, Қазоқистон -1, Ӯзбекистон — 1 ва Украина – 5 ҳолат ба қайд гирифта шуд.

Миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Инчунин дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус ба 84 нафар расид, ки ду нафари онҳо шифо ёфта, чор тани дигар вафот кардаанд.

СУТ имрӯз дар бораи беш аз 195 давлат ва ҳудуде, ки дар онҳо сироят ба қайд гирифта шудааст, гузориш медиҳад.

Дар ҷаҳон беш аз 532 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 24 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 124 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 19 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.

АКС аз АБИ «Казинформ»

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 576
  • 1,242
  • 949,596