COVID-19. Дар шаҳри Хуҷанд Маркази тамоси шабонарӯзӣ фаъол гардид

COVID-19. Дар шаҳри Хуҷанд Маркази тамоси шабонарӯзӣ фаъол гардид
Май 20
06:21 2020

Имрӯзҳо дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии паҳншавии  бемории сироятии COVID-19 таъсис ёфта, фаъолияти он шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳадафи он сари вақт баррасӣ намудани муроҷиати шаҳрвандон доир ба масъалаи пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус мебошад.

Тибқи иттилои маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, ҳамзамон дар назди Раёсати тандурустии вилоят бо телефони кӯтоҳи  211 ё   83422-5-54-50 ва 83422-6-08-65  Маркази тамос шабонарӯзӣ фаъол аст. Ҳоло баҳри баррасии муроҷиати саривақтии сокинон дар назди тамоми марказҳои саломатии шаҳр телефонҳои боварӣ ва алоқаи видеоӣ низ тариқи шабакаи IMO роҳандозӣ гардидаанд, ки сокинони шаҳр дар сурати ба миён омадани зарурат оид ба гирифтани  маслиҳат, ташхис, бистаригардонӣ ва мушкилоти саломатии худ метавонанд бо он  тамос гиранд.

Ҳамзамон аз ҷониби Ситоди шаҳрӣ бо ҷалби табибон ва ҷавонону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ марказҳои иртиботӣ таъсис гардидаанд, ки шаҳрвандон метавонанд ба онҳо муроҷиат намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 632
  • 1,242
  • 949,652