COVID-19. Дар шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Ширин Исматуллозода ҷаласаи ситоди вилоятӣ доир шуд

COVID-19. Дар шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Ширин Исматуллозода ҷаласаи ситоди вилоятӣ доир шуд
Сентябр 11
14:44 2020

10 сентябр таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 баргузор гардид, ки дар он муовинони раиси вилояти Суғд ва раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа барои таҳкими фаъолияти ситоди вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ дастуру супоришҳои дахлдори Раиси ситоди ҷумҳуриявӣ расонида шуд.

Муовини Сарвазири мамлакат доир ба  роҳҳои пешгирии мавҷи дуюми коронавируси нав иброз дошт, ки бо назардошти авҷи марҳилаи дуюми ин беморӣ бояд корҳои пешгирикунанда вусъат дода шаванд.

Ҳамчунин Ширин Исматуллозода зикр намуд, ки дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати пешгирии бемории мазкур корҳои санитарӣ-эпидемикӣ бояд пурзӯр карда шаванд ва сокинон, аз ҷумла хонандагон ҳатман аз ниқоби муҳофизатӣ истифода намоянд. Зеро як омили пешгирикунандаи бемории COVID-19 риояи гигиенаи шахсӣ ва истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 919
  • 1,242
  • 949,939