Мутахассисони соҳаи тиб таъкид мекунанд, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирии бемории сирояти коронавирус-ин гирифтани ваксинаи зидди бемории мазкур ба шумор меравад.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини солимии аҳолӣ ва пешгирии сирояти мазкур то ба имрӯз ба мамлакат 5 намуд ваксинаи зидди сирояти коронавирус ворид гардидааст, ки айни ҳол маъракаи ваксинатсия бар зидди ин беморӣ дар кишвар бомаром идома дорад.
Аз шумораи умумии мақсадноки аҳолӣ, ки бояд бар зидди бемории сироятии COVID-19 ваксина бигиранд, то ба ҳолати 30 ноябри соли равон дар Тоҷикистон 3 миллиону 206 ҳазору 63 нафар (51,8%) бар зидди сирояти мазкур ваксина гирифтаанд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 2 миллиону 590 ҳазору 545 нафар (44,5%) шаҳрвандони кишвар гирифтаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинони даъват ба амал меорад, ки дар гирифтани вояҳои ваксинаи зидди сирояти коронавирус фаъол бошанд, зеро, ягона роҳе, ки аҳолии кишварро метавонад аз гирифторӣ ба сирояти коронавирус эмин нигоҳ дорад, ин гирифани ваксинаи зидди COVID-19 шумор меравад.