COVID-19. Давоми шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон беш аз 247 ҳазор нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд

COVID-19. Давоми шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон беш аз 247 ҳазор нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд
Июл 29
13:33 2020

Шабонарӯзи гузашта шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 247 ҳазор нафар зиёд шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

29 июл дар ҷаҳон 16 895 202 нафар гирифторони COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 663 476 нафари онҳо ҷон додаанд. Давоми шабонарӯзи гузашта 247 581 ҳолати нави сироятёбӣ ошкор гардида, 5 567 нафар вафот кардаанд.

Минтақаи Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ аз рӯи миқдори мубталоён дар ҷойи аввал буда, дар он 8 728 962 (+118 828 дар як шабонарӯз) сироят ёфтаанд. Шумораи ҳолатҳои фавт дар он 2 212 нафар зиёд шуда, ба 339 651 нафар расидааст. Дар Аврупо 3 261 042 сироятёфта ва 210 897  фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар муддати 24 соат шумораи мубталоён 26 311 ва фавт — 368 ҳолат афзудааст.

Аз рӯи шумораи сироятёфтагон Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар ҷойи сеюм қарор дошта, дар он ҷо шумораи мубталоён 1 838 380 ва қурбониён 41 366 мебошад. Давоми шабонарӯзи гузашта мубталоён 52 235 нафар зиёд шуда, 751 нафар фавтидаанд.

Шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ дар ИМА ба қайд гирифта шудааст — 4 498 343. Баъдан Бразилия (2 484 649), Ҳиндустон (1 532 135), Россия (823 515), Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (459 761), Мексика (402 697), Перу (395 005), Чили (349 800), Иcпания (327 690) ва Британияи Кабир (300 692) ҷойгиранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 743
  • 1,242
  • 949,763