COVID-19. Гурӯҳи корӣ дар бозорҳои «Меҳргон» ва «Варзоб»-и шаҳри Душанбе оид ба пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монд

COVID-19. Гурӯҳи корӣ дар бозорҳои «Меҳргон» ва «Варзоб»-и шаҳри Душанбе оид ба пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монд
Июл 10
09:52 2021

Гурӯҳи корӣ бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар бозорҳои «Меҳргон» ва «Варзоб» ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бо  фурӯшандагон ва  сокинону меҳмонони шаҳр  корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монд. Гӯрӯҳи мазкур  зимни суҳбат  бо сокинон ва меҳмонони пойтахт таъкид намуданд, ки қабули ваксина бар зидди бемории сироятии COVID-19, балки инсонро аз гирифторшавӣ ба ин бемории сироятӣ эмин нигоҳ медорад, балки ин бемориро  дар органзим ба таври сабук мегузаронад.

Тавре муовини раиси ноҳияи Исмоили  Сомонӣ  Наргис Шарифзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт,  «бо вуҷуди пурзӯр намудани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ, баъзе аз сокинони пойтахт нисбат ба саломатии худу  наздикон ва атофиён фориғболӣ зоҳир  карда, қойидаҳои беҳдошт ва масофаи иҷтимоиро риоя намекунанд».

«Дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавируси КОВИД-19 дар Чумхурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар ҳудуди пойтахт зиёда аз 196 гуруҳи корӣ фаъолият менамоянд, ки ҳамарӯза ба сокинон тарзи дурусти риояи қойидаҳои беҳдоштӣ ва истифодаи ҳатмии ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятиро  таъкид месозанд»,-афзуд Наргис Шарифзода.

Гурӯҳҳои мазкур ҳамчунин бо ронандагон ва мусофирони нақлиёти ҷамъиятии пойтахт  низ чунин корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд.

Мавриди зикр аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ то ба эътидол омадани вазъ ҷиҳати пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавируси КОВИД-19 дар шаҳри Душанбе ва чор ноҳияи он гурурҳҳои корӣ фаъолият намуда, аз сокинон қойидаҳои беҳдоштӣ ва бастани ҳатмии ниқобро талаб менамоянд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 12
  • 737
  • 1,242
  • 949,757