COVID-19. Омори сироятёбӣ дар як шабонарӯз дар ҷаҳон чӣ гуна тағйир ёфт?

COVID-19. Омори сироятёбӣ дар як шабонарӯз дар ҷаҳон чӣ гуна тағйир ёфт?
Август 03
16:30 2020

Шабонарӯзи гузашта шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 217 ҳазор ва теъдоди ҳолатҳои фавт беш аз 4,4 ҳазор нафар зиёд шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба ҳолати 3 август дар ҷаҳон 18 234 936 нафар гирифторони COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 692 794 нафари онҳо ҷон додаанд. Давоми шабонарӯзи гузашта 217 901 ҳолати нави сироятёбӣ ошкор гардида, 4 404 нафар вафот кардаанд.

Минтақаи Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ аз рӯи миқдори мубталоён дар ҷойи аввал буда, дар он 9 476 763 (+156 433 дар як шабонарӯз) сироят ёфтаанд. Шумораи ҳолатҳои фавт дар он 3 963 нафар зиёд шуда, ба 359 180 нафар расидааст.

Дар Аврупо 3 375 535 сироятёфта ва 213 284 фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар муддати 24 соат шумораи мубталоён 17 419 ва фавт — 323 ҳолат афзудааст.

Аз рӯи шумораи сироятёфтагон Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар ҷойи сеюм қарор дошта, дар он ҷо шумораи мубталоён 2 131 165 ва қурбониён 45 837 мебошад. Давоми шабонарӯзи гузашта мубталоён 58 971 нафар зиёд шуда, 937 нафар фавтидаанд.

Шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ дар ИМА ба қайд гирифта шудааст — 4 813 647. Баъдан Бразилия (2 733 677), Ҳиндустон (1 804 702), Россия (850 870), Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (511 485), Мексика (439 046), Перу (428 850), Чили (359 731), Испания (335 602) ва Колумбия (317 651) ҷойгиранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 12
  • 737
  • 1,242
  • 949,757