COVID-19: Паёмадҳои иқтисодиву иҷтимоии он ба аҳли башар

COVID-19: Паёмадҳои иқтисодиву иҷтимоии он ба аҳли башар
Ноябр 03
08:43 2020

Бо зуҳур намудани маризии каронавируси нави СOVID-19 ҳамчун бемории сироятӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таҳлука афтода, дар навбати аввал ҳукумати ҳамаи кишварҳо дар алоҳидагӣ ҷиҳати эмин нигоҳ доштани сатҳи сиҳатии сокинони худ аз олудашавӣ ба ин беморӣ тадбирҳои амалиро рўи даст гирифтанд. Яке аз чораҳои дар ин самт андешида, ин эълони карантини сартосарӣ ва дар заминаи он қатъ намудани рафтуомади сокинон ба минақаву кишварҳои дигар буд. Агарчӣ ин услуб баҳри пешгирии ҳар гуна мушкилиҳо, хосатан паҳншавии маризиҳои сироятӣ таҷрибаи ҷаҳонӣ дорад, аммо дар пайи он соҳаҳои муҳими зиндагии мардум, махсусан вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳатто сиёсии кишварҳо  хисороти зиёд мебинанд. Эълони карантини сартосарӣ ва қатъ шудани рафтуомади сокинон бо дигар кишварҳо дар баробари дигар хароҷотҳои моддиву молиявӣ, инчунин ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, махсусан соҳаҳои хизматрасонӣ   хисороти зиёди молиявӣ расонид.

Ин вазъ дар ҳолест, ки  хуруҷи бемории каронавируси нави COVID-19 на танҳо ба вазъи ноустувори равонии аҳолӣ, аз ҷумла коста шудани умеди онҳо ба кору зиндагӣ  таъсири манфӣ расонид.  Маҳз бо дарки хисороти ҷиддии эълони карантини сартосарӣ ва ба ҳадде мусоид набудани он дар вазъи феълии шароити зист, Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат карантини нармро афзалтар дониста, нисбат ба дигар кишварҳои олуда бо ин пандемия ҳам аз ҷиҳати иктисодиву иҷтимоӣ ва ҳам равонии мардум хисороти кам дид.

Бо гузашти чанд муддати муборизаи ҷомеи башар бо бемории сироятии коронавируси нави COVID-19  таҳлилҳо собит сохтаанд, ки  хуруҷи ин маризӣ дар баробари паёмадҳои манфӣ боз ҷанбаҳои мусбат ҳам дар пай гузошт.

Ба андешаи мо ҷанбаҳои манфии хуруҷи бемории сироятии COVID-19 инҳо  мебошад:

Қурбон шудани беш аз 1 миллион сокини сайёра аз гирифторӣ ба ин беморӣ, дар ҳолати тарсу ҳарос қарор гирифтани сокинони сайёра, нуқсонҳои дар пай гузоштаи бемории каронавирус дар ҷисми инсони гифторшуда ба он,  авҷ гирифтани сатҳи бекорӣ, бад шудани вазъи иҷтимоӣ дар заминаи баста шудани марзҳо ва ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар самти рафтуомади сокинон аз минтақа ба минтақаи дигар ва дар ниҳоят ҳосил шудани хисороти калони пули дар ҳаҷми миллиардҳо доллари ИМА ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон.

Ҷанбаҳои мусбии  хуруҷи бемории сироятии COVID-19:

Рушди соҳаи дорусозӣ, омодасозии мутхассисони соҳавӣ, ба даст омадани таҷриба дар мубориза алайҳи бемориҳои сироятии вазнин, тартиби    барномаҳои зиддибӯҳронӣ дар барномаҳои давлатҳои алоҳида, масъулияти бештар дар самти риояи қоидаҳои ҳатмии санитарӣ-эпидемиологӣ, истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва дар ин замина афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ғайра арзёбӣ мегардад.

Дар ҳоле, ки ҳодисоти доманпаҳннамоии бемории сироятёбии СOVID-19 то ба ҳол миёни ҷомеаи аҳли башар идома дорад, муайян намудани хислатҳои манфиву мусбии он ва паёмаду хисороти воридсохтаи он ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳонро баршумурдан ғайриимкон аст. Дар ҳар сурат, хуб мебуд, агар сокинони сайёра ба тариқи ҳатмӣ аз тавсияи мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва олимону мутахассисони варзидаи соҳа дар самти роҳҳои пешгири ва ҳимояи  саломатӣ аз олудашавӣ ба ин маризиро риоя намоянд, то қудуми номубораки ин вабои замон ба зудӣ аз сайёра бардошта шавад.

Суғдмеҳри Маъруфзод

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 910
  • 1,242
  • 949,930