COVID-19. Шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон беш аз 162 ҳазор нафар ба коронавирус сироят ёфтаанд

COVID-19. Шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон беш аз 162 ҳазор нафар ба коронавирус сироят ёфтаанд
Июн 24
09:04 2020

Ба ҳолати 24 июн шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 9,3 миллион шуда, тақрибан 480 ҳазор нафар гирифторони COVID-19 вафот кардаанд ва зиёда аз 5 миллион нафар беморон шифо ёфтаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Тибқи маълумоти нави СУТ, давоми шабонарӯзи гузашта 162 994 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 5 465 сироятшуда фавтидаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 9 354 326 буда, теъдоди фавтидагон 479 816 мебошад.

Ҳамзамон аз лаҳзаи хуруҷи пандемия то имрӯз 5 041 813 нафар гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (2 424 168 нафар), Бразилия (1 151 479), Россия (599 705), Ҳиндустон (456 115), Британияи Кабир (306 210), Испания (293 832), Перу (260 810), Чили (250 767), Италия (238 833) ва Эрон (209 970) дохил мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 711
  • 1,242
  • 949,731