COVID-19. Шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон беш аз 236 ҳазор нафар ба коронавирус сироят ёфтаанд

COVID-19. Шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон беш аз 236 ҳазор нафар ба коронавирус сироят ёфтаанд
Июл 11
12:52 2020

Шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон давоми шабонарӯзи гузашта беш аз 236 ҳазор зиёд шуда, аз 12,6 миллион нафар гузашт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба ҳолати соати 11:00 дар ҷаҳон 12 631 067 ҳолати сироятёбӣ ва 562 889 фавт ба қайд гирифта шудааст. Шумораи гирифторон дар як шабонарӯз 236 918 нафар ва теъдоди фавтидагон 5 416 кас зиёд шуд, ки ин нишондод аз лаҳзаи хуруҷи пандемия рекордӣ ба хисоб меравад.

Омори СУТ танҳо маълумоти расмӣ тасдиқшудаи ҳолатҳои сироят ва фавтро, ки аз ҷониби давлатҳо пешниҳод шудаанд, ба назар мегирад. Як рӯз пеш дар як шабонарӯз 223 640 ҳолати сироятёбӣ ва 5 400 фавт ошкор гардида буд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (3 291 786 нафар), Бразилия (1 804 338), Ҳиндустон (822 603), Россия (713 936), Перу (319 646), Чили (309 274), Испания (300 988), Мексика (289 174), Британияи Кабир (288 133) ва Эрон (252 720) дохил мешаванд.

АКС аз бойгонӣ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 672
  • 1,242
  • 949,692