COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон аз 10,5 миллион нафар гузашт

COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон аз 10,5 миллион нафар гузашт
Июл 01
10:13 2020

Ба ҳолати соати 10:00-и 1 июл шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 10,5 миллион нафар гардида, зиёда аз 514 ҳазор нафар гирифторони COVID-19 вафот кардаанд ва беш аз 5,7 миллион нафар беморон шифо ёфтаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Тибқи маълумоти нави СУТ, давоми шабонарӯзи гузашта 174 264 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 5 072 нафар сироятшудагон фавтидаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 10 590 955 нафар ва теъдоди фавтидагон 514 021 кас мебошад.

Ҳамзамон то имрӯз дар ҷаҳон 5 798 973 нафар гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (2 727 853 нафар), Бразилия (1 408 485), Россия (647 849), Ҳиндустон (585 792), Британияи Кабир (312 654), Испания (296 351), Перу (285 213), Чили (279 393), Италия (240 578) ва Эрон (227 662) дохил мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 911
  • 1,242
  • 949,931