COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон бо ошкор гардидани беш аз 213 ҳазор ҳолати нав аз 12 миллион нафар гузашт

COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон бо ошкор гардидани беш аз 213 ҳазор ҳолати нав аз 12 миллион нафар гузашт
Июл 09
11:43 2020

Ба ҳолати соати 10:00-и 9 июл шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавируси нави COVID-19 дар ҷаҳон сар аз хуруҷи пандемия то имрӯз беш аз 12 миллион нафар шуда, зиёда аз 552 ҳазор гирифторони он вафот кардаанд ва беш аз 7 миллион нафар беморон шифо ёфтаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Тибқи маълумоти охир, давоми шабонарӯзи гузашта 213 279 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 5 518 нафар сироятшудагон фавтидаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 12 170 572 нафар ва теъдоди фавтидагон 552 112 кас мебошад.

Ҳамзамон то имрӯз дар ҷаҳон 7 069 288 нафар гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (3 158 932 нафар), Бразилия (1 716 196), Ҳиндустон (769 052), Россия (700 792), Перу (312 911), Чили (303 083), Испания (299 593), Британияи Кабир (286 979), Мексика (275 003) ва Эрон (248 379) дохил мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

 

АКС аз манобеи боз

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 593
  • 1,242
  • 949,613