COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар Осиёи Марказӣ ба беш аз 1,5 ҳазор ва дар ИДМ ба зиёда аз 13,9 ҳазор нафар расид

COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар Осиёи Марказӣ ба беш аз 1,5 ҳазор ва дар ИДМ ба зиёда аз 13,9 ҳазор нафар расид
Апрел 08
12:58 2020

Шумораи умумии гирифторони коронавирус дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба 1508 нафар ва дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба 13954 кас расид. Ҳамчунин шумораи шифоёфтагон дар Осиёи Марказӣ ба 114 нафар ва фавтидагон ба 12 кас расида, ин нишондодҳо дар ИДМ мутаносибан 860 ва 166 нафарро ташкил медиҳанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

Ба ҳолати 8 апрел дар кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки аъзои ИДМ низ мебошанд, шумораи мубталоён ба коронавирус мутаносибан 704, 534 ва 270 нафарро ташкил медиҳад.

Дар дигар давлатҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла дар Россия 7 497 ҳолат, Украина – 1 462, Молдова – 1 056, Беларус – 861, Арманистон – 853 ва Озарбойҷон – 717 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид.

Дар ҳамаи ин давлатҳо шумораи беморони шифоёфта низ рӯз аз рӯз меафзояд. Масалан, то имрӯз дар Россия 494 нафар, Арманистон — 87, Беларус — 54, Қазоқистон — 51, Озарбойҷон — 44, Молдова — 40, Қирғизистон — 33, Ӯзбекистон – 30 ва Украина – 28 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.

Дар баробари ин, дар Россия 58 ҳолат, Украина – 45, Молдова – 22, Беларус – 13, Арманистон – 8, Озарбойҷон – 8, Қазоқистон — 6, Қирғизистон – 4 ва Ӯзбекистон — 2 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус тасдиқ гардид.

То имрӯз миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус бетағйир боқӣ монда, 423 нафарро ташкил медиҳад, ки 18 нафари онҳо шифо ёфта, 14 тани дигар вафот кардаанд.

Тавре чанде пеш АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти СУТ хабар дод, дар ҷаҳон беш аз 1,4 миллион нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора зиёда аз 82 ҳазор нафар вафот карда, беш аз 302 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва зиёда аз 47 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (400 540 нафар), Испания (141 942 нафар), Италия (135 586), Франсия (109 069), Германия (107 663), Чин (81 802), Эрон (62 589), Британияи Кабир (55 242), Туркия (34 109) ва Швейтсария (22 253) дохил мешаванд.

СУТ, ки 11 март хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда буд, имрӯз дар бораи беш аз 205 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

АКС аз «УзА»

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 672
  • 1,242
  • 949,692