COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон беш аз ҳазор нафар гардид

COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон беш аз ҳазор нафар гардид
Апрел 14
08:38 2020

Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон беш аз ҳазор нафар гардида, мутаносибан 1179 ва 1054  нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди бемороне, ки дар ин давлатҳо шифо ёфтаанд, мутаносибан ба 138 ва 85 нафар ва шумораи онҳое, ки фавтидаанд, ба 14 ва 4 нафар расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Дар дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), аз ҷумла дар Россия – 18 328 ҳолат, Украина — 3372, Беларус – 2919, Молдова – 1712, Озарбойҷон – 1148, Арманистон – 1039 ва Қирғизистон 430 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ошкор гардид.

То имрӯз дар Россия 1470 нафар, Озарбойҷон – 289, Арманистон  – 211, Беларус – 203, Молдова – 107, Қазоқистон – 138, Украина — 119, Ӯзбекистон – 85 ва Қирғизистон – 71 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.

Ҳамзамон дар Россия 148 ҳолат, Украина – 98, Молдова – 35, Беларус – 29, Арманистон – 14, Қазоқистон – 14, Озарбойҷон – 12, Қирғизистон – 5 ва Ӯзбекистон  4 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Миёни давлатҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус 665 нафарро ташкил медиҳад, ки 32 нафари онҳо шифо ёфта, 21 тани дигар вафот кардаанд.

Мувофиқи маълумоти нави СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон 1 миллиону 925 ҳазору 224 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 119 ҳазору 702 нафар вафот карда, 447 ҳазору 948 кас шифо ёфтаанд ва 51 ҳазору 157 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (587 155 нафар), Испания (170 099), Италия (159 516), Франсия (136 779), Германия (130 072), Британияи Кабир (88 621), Чин (82 249), Эрон (73 303), Туркия (61 049) ва Белгия (30 589) дохил мешаванд.

Аз ҳама бештар дар Чин — 77 738 нафар, Испания – 64 727, Германия  – 64 300, Эрон – 45 983, Италия – 36 948, ИМА – 35 435, Франсия – 27 718, Швейтсария – 13 700, Канада – 7 756 ва Кореяи Ҷанубӣ – 7 534 нафар беморон шифо ёфтаанд.

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (23 644 нафар), Италия (20 465), Испания (17 756), Франсия (14 967), Британия Кабир (11 329), Эрон (4 585), Белгия (3 903), Чин (3 341), Германия (3 194) ва Нидерланд (2 823) дохил мешаванд.

СУТ  имрӯз дар бораи 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

АКС аз Агентии иттилоотии «UzNews.uz»

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 728
  • 1,242
  • 949,748