COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон беш аз 4,5 миллион нафар гардид

COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон беш аз 4,5 миллион нафар гардид
Май 15
16:17 2020

Дар ҷаҳон шумораи гирифторони навъи нави коронавируси COVID-19 давоми шабонарӯзи гузашта 96 ҳазору 334 нафар зиёд шуда, ба 4 миллиону 539 ҳазору 402 нафар расид. Ҳамзамон аз ин теъдод то имрӯз 1 миллиону 711 ҳазору 258 кас шифо ёфтаанд ва 303 ҳазору 555 тан фавтидаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (1 457 593 нафар), Испания (272 646), Россия (262 843), Британияи Кабир (233 151), Италия (223 096), Бразилия (203 165), Франсия (178 870), Германия (174 975), Туркия (144 749) ва Эрон (114 533) дохил мешаванд.

Аз ҳама бештар беморон дар ИМА (318 027 нафар), Испания (186 480), Германия (151 700), Италия (115 288), Туркия (104 030), Эрон (90 539), Бразилия (79 479), Чин (78 209), Франсия (59 605) ва Россия (58 226) шифо ёфтаанд.

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (86 912 нафар), Британияи Кабир (33 614), Италия (31 368), Франсия (27 425), Испания (27 321), Бразилия (13 999), Белгия (8 903), Германия (7 928), Эрон (6 854) ва Нидерланд (5 590) шомил мебошанд.

11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда,  имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 741
  • 1,242
  • 949,761