COVID-19. Шумораи сироятёфтагон аз коронавирус дар ҷаҳон ба беш аз 4,3 миллион нафар расид

COVID-19. Шумораи сироятёфтагон аз коронавирус дар ҷаҳон ба беш аз 4,3 миллион нафар расид
Май 13
13:18 2020

Дар як рӯз шумораи сироятёфтагон аз коронавирус дар ҷаҳон то 85 ҳазор афзуда, ба беш аз 4,3 миллион нафар расид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба СУТ хабар медиҳад, шумораи фавтидагон 5 ҳазор нафар зиёд шуда, ба 292 ҳазор расидааст.

То соати 11:30-и 13 май дар саросари ҷаҳон 4 343 251 маврид сироятёбӣ ва 292 913 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст. Давоми як рӯз шумораи мубталоён 85 312 ва фавтидагон 5 320 нафар афзоиш ёфтааст. Шумораи аз ҳама зиёд сироятшудагону фавтидагон ба Аврупо рост меояд — мутаносибан 1 676 242 ва 155 782 нафар. Дар давоми 24 соат шумораи сироятёфтагон ба 22 730 ва фавтидагон ба 1842 нафар расидааст.

Дар Америкаи Шимолӣ ва Ҷанубӣ аз коронавирус 1 883 114 нафар сироят ёфта, 111 725 нафар фавтидаанд. Аз рӯи шумораи сироятёфтагон (41 502) ва фавтидагон (3 035) дар ин шабонарӯз онҳо аз Аврупо пеш гузаштанд.

Шумораи зиёдтарини гирифторони коронавирус дар ИМА ба қайд гирифта шудааст, ки 1 408 636 нафарро ташкил медиҳад. Дар ҷои дуюм Испания (269 520 нафар) буда, баъдан Россия (232 243), Британияи Кабир (226 463), Италия (221 216), Франсия (178 225), Бразилия (178 214), Германия (173 171), Туркия (141 475) ва Эрон (110 767) ҷойгиранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 635
  • 1,242
  • 949,655