COVID-19. Теъдоди гирифторони коронавирус дар ҷаҳон аз 426 миллион нафар гузашт

COVID-19. Теъдоди гирифторони коронавирус дар ҷаҳон аз 426 миллион нафар гузашт
Феврал 22
14:59 2022

Шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавирус дар ҷаҳон ба беш аз 426 миллион нафар расида, теъдоди фавтидагон аз 5,90 миллион нафар гузашт, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ).

22 феврал ба СҶТ дар бораи 426 465 745 нафар мубталоён ва 5 909 460 нафар фавтидагон маълумот расид. Шумораи гирифторон дар як рӯз 1 миллиону 254 ҳазору 847 нафар, фавтидагон – 6 ҳазору 205 нафар щиёд шудааст. Нишондиҳандаи гирифтории 200 миллион нафар 5 август, 250 миллион нафар — 9 ноябри соли гузашта, 300 миллион нафар — 8 январ, 350 миллион нафар — 25 январ ва 400 миллион нафар — 10 феврал маълум шуда буд.

Ба иттилои СҶТ, шумораи бештари ҳолатҳои тасдиқшуда дар Иёлоти Муттаҳида Амрико – 80 145 282 ба қайд гирифта шудааст. Пас аз он Ҳиндустон (42 851 929), Бразилия (28 250 591), Фаронса (22 304 024) ва Британияи Кабир (18 654 572) қарор доранд. Ҳолатҳои фавт бештар дар ИМА – 960 157 мушоҳида шуда, дар ҷои дуюм Бразилия (644 695) ва дар ҷои сеюм Ҳиндустон (512 371) мебошанд. Пас аз онҳо Русия (346 235) ва Мексика (315 786) меистанд.

 

АКС: Worldometer

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 683
  • 1,242
  • 949,703